Ҳукумат қарзи 1 миллиондолларии ширкати “Тоҷиктелеком”-ро бахшид

Ҳукумати Тоҷикистон тарҳи афви 1 миллиондолларии қарзи андозии ширкати мухобиротии “Тоҷиктелеком” -ро тасвиб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ин афв шомили 5, 5 миллион сомонии андоз ва 5,5 миллион сомонӣ ҷаримаи деркарди бозпардохтҳо аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Манбаъ ёдрас шужааст, ки Нусратуллоҳ Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз ширкати хадамоти мухобиротии “Тоҷиктелеком” ба унвони қарздортарин идораи давлатӣ бобати андоз ёд карда буд.
Вай гуфта буд, ки қарздории андозии ин ширкат ба 7 миллиону 600 ҳазор доллар расида аст.
Ҷамъоварии андоз беҳтар мешавад: имзои созишнома миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон
Аз сӯйи дигар, Ян Питер Олтерс, намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон дар апрели соли ҷорӣ дар нишасти аҳамияти иқтисоди диҷиталӣ дар Тоҷикистон, хостори поён додан ба тиҷорати ин ширкат дар бозори хадамоти интернети кишвар шуд.
Аз дидгоҳи вай, инҳисорӣ кардани ироаи хадамоти интернетӣ аз сӯйи ширкати мухобиротии “Тоҷиктелеком” мӯҷиби эҷоди мавонеъ дар роҳи рушди бозори Интернет дар Тоҷикистон шудааст.