ДУШАНБЕ, 13 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ бо роҳбарони Суғд аз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ гуфта, барои коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар дастур дод.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки аз заминҳои обӣ ду - се ҳосил рӯёнанду гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ бунёд кунанд. Беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз бандҳои дигари дастури раисиҷумҳур арзёбӣ шуданд.
Манбаъ афзуд, ки роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо инчунин супориш гирифтанд, ки барои ташкили фермаҳои чорвопарварӣ ва корхонаҳои парандапарварию моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, инчунин, бо дарназардошти хушксолие, ки идома дорад, ҳарчи бештар истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ, тамоми имконияту захираҳоро сафарбар созанд.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба масъалаи коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ таъкид кардааст. Ӯ барои ин зарур хондаст, ки иқтидорҳои нави истеҳсолӣ бунёд гарданду, соҳибкорони дастгирӣ ёбанд.
Ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, пешгирӣ кардани барҳамхӯрии минбаъдаи ҷойҳои корӣ, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат, аз масъалаҳои дигаре буданд, ки раисиҷумҳур барои иҷрои он таъкид намудааст.