Рӯзи 13 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1878 дар Берлин Анҷумани асосии давлатҳои аврупоӣ барои азназаргузаронии амалигардии шартномаи сулҳи Сан-Стефанско миёни Туркия ва Россия таъсис дода шудааст.
Соли 1895 аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон дар Фаронса мусобиқаи мошинронӣ баргузор гардид.
Соли 1958 Чин реактори ҳастаии таҷрибавии худро ба даст овард.
Соли 2007 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (собиқ Шӯробод) ду дидбонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуданд.
Рӯзи 13 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 1951 Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
Соли 2008 Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти озуқаворӣ дар Тоҷиикстон 5 миллион доллар грант ҷудо намуд.
Соли 2010 дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад"-и шаҳри Душанбе Намоиш-ярмаркаи байналмилалии ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Соли 2010 Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод, шаҳри Кўлоб ва нимаи дуюми ҳамон рӯз ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон сафар кард.
Соли 2011 дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Бундестаги Олмон, ки бо роҳбарии Дагмор Энекелман ба Тоҷикистон омад, масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Олмон дар доираи Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид.
Соли 2017 дар шаҳри Пекин маросими ба имзо расонидани Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Конго баргузор гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 13 июн
Рӯзи байналмилалии паҳн намудани маълумот дар бораи албинизм.
Дар Қирғизистон — Рӯзи ёдбуд.
Рӯзи 13 июн дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 1937 — ҳофизи халқии Тоҷикистон Одина Ҳошим.
Соли 1948 — драматург, ходими давлатӣ Ато Ҳамдам (Вазири фарҳанг, мушовири калони Президенти Тотористон, директори Нашриёти Адиб").
Соли 1942 — олим Теша Авазов.
Соли 1950 — нависанда Чумъа Қувват.