Раҳмон президенти тозаинтихоби Муғулистонро табрик карду аз тавсеаи ҳамкориҳо гуфт

Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамкориҳо васеътар бо Муғулистон изҳори омодагӣ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон унвонии президенти тозаинтихоби Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсуху барқияи табрикотӣ ирсол намуд.
Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Ухнаагийн Хурэлсухуро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президентии Муғулистон табрик намуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Тоҷикистон алоқаманди густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои судманд бо Муғулистон мебошад.
"Мо ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳоямон назари нек дорем ва омодаем, ки ҷиҳати рушду тавсеаи онҳо дар ҳамаи сатҳҳо пайгирона талош варзем", - омадааст дар номаи табрикоти президенти Тоҷикистон.
Президенти Тоҷикистон гуфтааст, умед менамоям, ки дар давраи фаъолияти шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъйю кӯшишҳои муштарак муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду давлати ба ҳам дӯсти моро минбаъд ҳам пеш бурда, бо мӯҳтавои нав ғанӣ хоҳем гардонид.
Эмомалӣ Раҳмон дар поёни табрикот ба президенти тозаинтихоби Муғулистон сиҳатмандии комилу саодат ва дар иҷрои вазифаи пурмасъулият комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти он кишвар пешрафту шукуфоии бемайлон орзу намудааст.