ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Дар Маскав бо сабаби шиддат гирифтани сирояти коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда шуданд.
Тибқи фармони мири шаҳр Сергей Собянин, дар Маскав аз 15 то 19 июн ғайрикори эълон карда шуд.
Ҳамин тариқ, истироҳати тӯлонӣ дар пойтахти Русия 9 рӯз - аз 12 то 20 июн идома меёбад.
Дар ҳуҷҷат таъкид шудааст, ки корфармо дар рӯзҳои ғайрикорӣ вазифадор аст музди меҳнати кормандонро пардохт кунад.
"Аз 15 то 19 июн барои ташкилотҳо ва соҳибкорони инфиродӣ низоми кор муқаррар карда шудааст, ки шабеҳи рӯзҳои истироҳат аст", - гуфта мешавад дар фармон.
Ғайр аз ин, бинобар вазъи душвори эпидемиологӣ, ширкатҳо бояд ҳадди аққал 30% кормандон, шахсони аз 65-сола боло ва гирифтори бемориҳои музминро ба низоми дуркорӣ гузаронанд.
Дар фармони Собянин таъкид шудааст, ки бояд чораҳо андешида шаванд, то ҳузури доимии одамон дар ҷойҳои корӣ кам карда шавад ва ҳавасмандии шаҳрвандон ба ваксинагирӣзиёд карда шавад.
"Дар ҳафтаи охир вазъи паҳншавии коронавирус якбора бад шуд. Шумораи гирифторони нав ташхисёфтаи COVID-19 ба дараҷаи баландтарин расиданд", - шарҳ дода шудааст дар фармони ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо коронавирус.
Инчунин, дар давраи аз 13 то 20 июн дар Маскав кори боғҳои ҳайвонот, майдончаҳои хӯрокворӣ ва утоқҳои бозии кӯдакон, клубҳои шабона, караоке қатъ карда мешавад, хизматрасонӣ ба мизоҷон аз соати 23:00 то 6:00 манъ карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки 12 июн дар Русия аз нимаи моҳи феврали соли равон афзоиши рекордии бемории коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумоти ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо ин беморӣ, дар як шабонарӯз дар кишвар 13510 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шудааст, ки беш аз 6 ҳазори он дар Маскав гуфта мешавад