ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Дар Афғонистон, дар як даргирӣ бо ҷангиёни ҷунбиши радикалии Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ) ҳадди аққал 20 корманди амният кушта шуданд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Tolo News бо истинод ба манбаъҳои маҳаллӣ.
Дар минтақаи Толаки вилояти Ғур задухурдҳо байни террористон ва нерӯҳои амниятӣ вусъат ёфтанд.
"Дар натиҷаи ҳамлаи Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ) ба ин минтақа 20 нафар аз нерӯҳои амниятӣ кушта ва бист нафари дигар маҷрӯҳ шуданд", - гуфт раиси минтақа Салмон Юсуфӣ.
Ғайр аз ин, тақрибан 10 корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон ба дасти Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ) асир афтоданд.
Тибқи гузориши Tolo News, дар натиҷаи ҷангҳо минтақаи Толак таҳти назорати Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ)қарор гирифт. Аммо мақомоти минтақа ин хабарро тасдиқ накарданд.
Хотиррасон мекунем, ки дар Афғонистон муқовимати нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Толибон, ки қаблан қаламравҳои назаррасро дар деҳот забт карда, ба шаҳрҳои калон ҳамла кардаанд, идома дорад.
Вазъ пас аз шурӯи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шиддат гирифт.