Дар олимпиадаи Англия 6 толибилм аз Хуҷанд медали тилло гирифтанд

Олимпиада аз фанҳои математика ва забони англисӣ дар Англия ба таври онлайнӣ баргузор шуд ва аз Тоҷикистон 50 толибилм аз шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Аз 50 хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд, ки дар олимпиадаи байналмилалии "IMAC - online" иштирок намуданд, 41 нафари онҳо ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардиданд.
Котиботи раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад, ки олимпиада дар Англия аз фанни математика ва забони англисӣ ба таври онлайнӣ баргузор шуд ва 4 толибилми тоҷик медали тилло гирифтанд.
Ҳамчунин 17 хонанда соҳиби медали нуқра ва 18 тани дигар медали биринҷӣ гирифтанд.
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Манбаъ меафзояд, дар Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гурӯҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳаракати олимпии литсей 180 хонанда шомил буда, дар соли хониши 2020-2021 хонандагони болаёқати ин муассиса дар 14 олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд.
Гуфта мешавад, хонандагони болаёқати Литсей ба даври финалии озмуни байналмиллалии HIPPO (Италия) роҳхат гирифта, мунтазири эълони натиҷаи расмии ғолибон ҳастанд.