ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Ахиран Музаффар Ҳусейнзода муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи Радослав Грукро пазируфтааст, иттилоъ додааст ВКХ-и Тоҷикистон.
Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сафири Лаҳистон дар Тоҷикистон Радослав Грукро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик карда, барои иҷроӣ кардани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу кардааст.
Дафтари матбуоти ВКХ қайд кардааст, ки "дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарию фарҳангӣ иброз намуданд".
Бояд қайд кард, ки Радослав Грук хатмкунандаи Доншгоҳи Варшава буда, аз соли 1999 корро дар Вазорати корҳои дохилии кишвараш оғоз кардааст. Солҳои 2000-2003 дар Раёсати кор бо хориҷиҳо фаъолият кардааст.
Соли 2003 корро дар Вазорати хориҷа оғоз карда, дар Консулгарии генералии Лаҳистон дар Санкт-Петербург, сафорати кишвараш дар Черногория ва консули генералӣ дар Алмаато кор кардааст.
Аз 8 майи имсол сафири Лаҳистон дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон таъин шуд.