ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Муъмин Ҷӯраев, як масъули Маркази пешгирӣ ва мубориза бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон омори сироятёбӣ ба ин маризиро шарҳ дод.
Ӯ қайд намуд, ки дар замони авҷи сирояти бемории ҳамагири COVID-19, мавридҳои гирифторӣ ба бемории ВНМО кам шудааст.
“Барои мисол соли 2020 ҳамагӣ дар миқёси вилояти Суғд 233 мавриди олудашавӣ ба ВНМО ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам дар муқоиса ба соли 2019 (372), 139 ҳолат кам мебошад”, - афзуд Ҷӯраев.
Бар пояи омори Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории ВНМО дар Суғд, давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 65 ҳолати олудашавӣ ба ин беморӣ сабт шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 22 ҳолат кам мебошад.
Дар се моҳи якуми соли ҷорӣ 42 мард ва 23 зан мубталои ВНМО шудаанд. Табибон яке аз роҳҳои сироятёбии сокиноро дар шароити муҳоҷирати меҳнатӣ рабт медиҳанд.
Онҳо мегӯянд, хуруҷи каронавирус боиси коҳишёбии раванди муҳоҷиршавии ҷавонон гардид ва ба ин ҳол мизони сироятёбӣ ба ВНМО низ поён шуд. Сабти бемории ВНМО дар Тоҷикистон аз соли 1991 шурӯъ шудааст.
“Аз он замон то ин вақт дар вилояти Суғд 3061 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумор 1902 мардҳо ё 62, 1 % ва 1159 занон ё 38, 8 % ба ВНМО сироят шудаанд. То ин вақт 907 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд”, - гуфт Ҷӯраев.
Табибони Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО дар Суғд гуфтанд, бештар аз ҳама, яъне 2195 ҳолати ин беморӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба сокинон сироят кардааст. Сабаби олудашавии 711 нафар нашъамандӣ тазриқӣ муайян карда шудааст.
Ҳудуди 121 кӯдак дар замони ҳомиладорӣ аз модар сироят ёфта ва сабаби олудашавии 34 нафари дигар аз ҷамъи 3061 нафар то кунун номаълум боқӣ мондааст.
Айни ҳол 1852 нафар дар қайди Маркази пешгирӣ ва мубориза бо ВНМО қарор дошта, пайваста табобати зиддиретровирусӣ мегиранд.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз январ то 19-уми майи соли равон дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.
Дар маҷмуъ ба иттилои вазорати тандурустӣ дар ҷумҳурӣ 13 308 нафар бемори коронавирус ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.