"Урфу одатҳои мо якест": бонувони ӯзбеку қирғиз аз Қалъаи Ҳисор боздид намуданд

Дар ҷамъбасти Форуми занони СҲШ, бонувони Ӯзбекистону Қирғизистон аз Қалъаи Ҳисор боздид намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Дар Душанбе 3 - юмин Форуми занони Созмони Ҳамкории Шанхай ҷамъбаст гардид.
Ин форум дар пойтахти Тоҷикистон бо иштироки намояндагони кишварҳои узви СҲШ ва меҳмонони даъватшуда аз ҳисоби ходимони сиёсӣ, намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, соҳаи илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардида буд.
Соҳибкорон дар шаҳраки Ҳулбук муҷассамаи 11-метрии Восеъ - ро гузоштанд
Ба иттилои "Ховар", меҳмонони ин форум пас аз ҷамъбасти чорабинӣ аз Қалъаи Ҳисор боздид намуданд.
Гуфта мешавад, бонувони ин ду кишвари ҳамсоя пас аз тамошои ин макони таърихӣ изҳор дошатнд, ки ёдгориҳо бозгӯи ба ҳам қаробат доштани урфу одат ва анъанаҳои миллатҳои Осиёи Миёна мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Форуми нахустини занони Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони "Ҳамоҳангсозии қувваҳои занон барои пешбурди рушди муштарак" аз 15 то 17 майи соли 2018 дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида буд.