ДУШАНБЕ, 10 июн – Sputnik. Ин таъйиноти кадрӣ бо пешниҳоди Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд сурат гирифтааст. Манобеъ аз ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикисон, таъйиноти кадрии сохтори тандурустиро тасдиқ намуданд.
“Рӯзи душанбе, Комилов расман кори худро минҳайси иҷрокунандаи сартабиб дар Беморхонаи клиникавии Суғд ба номи С. Қутфиддинов оғоз намуд. Барои муаррифии ӯ ба ин мақом Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустӣ ва як намояндаи дигар аз шуъбаи кадрҳои Вазорати тандурустӣ иштирок намуданд”, - гуфт манбаъ.
Фирӯз Комилов дар ин мақом Баҳодур Муъминовро иваз намуд.
Муъминов ҳамагӣ як сол муқаддам, моҳи май, ки маризии коронаиврус дар кишвар авҷ гирифта буд, сартабиб таъйин гашт. Номбурда қаблан мудири Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) дар вилояти Суғд кор мекард.
Сартабиби ба ин мансаби давлатӣ моҳи майи соли 2018, тибқи қарори раиси вилояти Суғд ва бо розигии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда буд.
Комилов Фирӯз кист
Комилов Фирӯз Мухторович, 18 августи соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Соли 2006 Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро бо ихтисоси дандонпизишк хатм намудааст.
Солҳои 2006-2012 минҳайси дандонпизик дар Беморхонаи клиникавии № 1 - и Хуҷанд кор кардааст.