ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Аз 10 июн шумораи парвозҳои мунтазам ба пойтахти Тоҷикистон зиёд карда шуд.
Ҳамин тариқ, минбаъд давоми як ҳафта дар маҷмӯъ миёни Русия ва Тоҷикистон чаҳор парвози мунтазам анҷом дода мешавад.
Инчунин Русия шумораи парвозҳо бо ҳашт кишвар - Белорус, Юнон, Озарбойҷон, Арманистон, Қатар, Ӯзбекистон, Миср ва Сербияро афзоиш медиҳад.
Ҳамзамон аз 10 июн Русия парвозҳоро бо Австрия, Маҷористон, Лубнон, Люксембург, Маврикий, Марокаш ва Хорватия аз сар мегирад.
Ёдовар мешавем, Русия парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро, ки моҳи марти соли гузашта дар робита ба пандемияи коронавирус қатъ шуда буд, аз 1 апрел барқарор кард.
Аммо, талабот ба сайёҳат дар ин масир аз пешниҳодот бамаротиб зиёд аст.
Бояд гуфт, парвозҳои чартерӣ байни шаҳрҳои Русия ва Тоҷикистон ҳамоно сурат мегиранд. Ҳар рӯз тақрибан аз 8 то 10 ҳавопаймо дар ин хатсайрҳо парвоз мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафар, доштани санҷиши манфии коронавирус барои мусофирон ҳатмӣ мебошад.
Ҳоло 7 ширкати русӣ - “Северний ветер”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Сибир”, “Икар”, “Азур Эйр” ва “Ямал” – мусофиринро тариқи парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия интиқол медиҳанд.
Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон, шурӯъ аз 1 апрел то ба ҳол ҳудуди 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳама гуна парвозҳо ба Русия интиқол ёфтаанд.
Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.