Гирифти офтоб - рӯзи хатарнок: 10 июн чӣ бояд карду чӣ не

Бино ба пешгӯии ситорашиносон гирифти моҳи рӯзи 10 июн бисёр хатарнок хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Рӯзи панҷшанбе, 10 июн як падидаи ғайриоддии астрономӣ рух медиҳад.
Дар ин рӯз гирифти ҳалқамонанди Офтоб сурат мегирад. Ин падида ҳамагӣ 14 маротиба дар як аср рух медиҳад.
Гирифти Офтоб - ин рухдоди астрономӣ мебошад, вақте моҳ пурра офтобро мепӯшонад.
Моҳи хунин: қарз надеҳ ва оиладор нашав - 26 май чӣ бояд карду чӣ не
Пайомади гирифти ҳалқавии моҳ
Тибқи пешгӯии ситорашиносон, гирифти моҳи 10 июн хатарнок хоҳад буд. Ин падида метавонад ба ояндаи инсон таъсири ҷиддӣ расонад.
Зулмот фаро мерасад: охирин гирифти Офтоб дар соли 2020 – акс
Мунаҷҷимон мегӯянд, гирифтани офтоби ҳалқавӣ аз сабаби пешгӯинашаванда буданаш таъсири манфӣ дорад.
Гузашта аз ин, гирифти моҳи 10-уми июн, чун қоида, барномаи ҳаётро дар 18 соли оянда муайян мекунад.
Назар ба моҳи пурра аз кишварҳои гуногун - акс

Ҳангоми гирифти ҳалқавии офтоб чӣ кор кардан мумкин нест?

Се соат пеш ва се соат баъд аз гирифти офтоб нӯшидани шароб тавсия дода намешавад. Дар ҳолати зарурӣ, меваи хушк ё сабзавотро истифода баред.
Ба ҳеҷ ваҷҳ бо дигарон ҷанҷол ва муноқиша накунед.Сафарҳои кориро мавқуф гузоред.
Созишнома ва қарордод набандед, хариди калон кунед.
Агар имконпазир бошад, ҷарроҳиро мавқуф гузоред, зеро оқибатҳои вазнин хоҳад дошт.
Фикрҳои бадро аз худ дур кунед.

Ҳангоми гирифти ҳалқавии офтоб чӣ кор кардан мумкин аст?

Дар ин рӯз, шумо бояд худро гӯш диҳед.
Соҳаи фаъолиятро тағйир диҳед.
Ҳама қарзҳоро пардохт кунед.
Хонаро тоза кунед ва лавозимоти куҳнаро партоед.
Аз одатҳои бад халос шавед.
Аз ҳар нафаре, ки озурдааш кардаед пӯзиш пурсед ва ҳамаи бадхоҳонатонро бахшед.