Боздошти корманди фурудгоҳи Душанбе барои баланд бардоштани нархи чипта

Оҷонсии зидди фасод Шаҳзод Маҷидов, як корманди фурудгоҳро барои сунъӣ баланд бардоштани нархи чипта боздошт кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Оҷонсӣ, Шаҳзод Маҷидов ҳангоми дар вазифаи нозири муоинаи хадамоти амнияти авиатсионии ҶСК “Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе” фаъолият намудан даст ба чунин кор задааст.
Ӯ бо сӯиистифода аз мансаб дар талаби 2000 сомонии иловагӣ барои як чипта муттаҳам мешавад
"Бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт нархи чиптаҳои ҳавопаймои самти Душанбе Маскавро бо роҳи сунъӣ то маблағи 12500 сомонӣ муайян кардааст гарчанде нархи аслии чиптаи мазкур 8550 сомониро ташкил медод, аз шаҳрванд “А” маблағи иловагии 2000 сомониро ҳамчун пешпардохт гирифта, овардани боқимонда маблағи 10500 сомониро талаб кард", - афзудааст манбаъ.
“Миллион дар 10 рӯз”: Кенҷаев, гуфт чиптаро 9 ҳазорӣ мегирифту 10 ҳазорӣ мефурӯхт - видео
"Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Маҷидов Ш.Д. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 10500 сомонӣ дастгир карда шуд", - афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, нисбати Маҷидов Ш.Д. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Ёдовар мешавем қаблан ниҳодҳои марбута барои чунин ҳолатҳои корманди марказҳои чиптафурӯш ва миёнаравҳоро боздошт карда буданд. Ин нахустин боздошти корманди фурудгоҳ барои чунин кирдор аст.
На чипта хариду на пулро гардонд: боздошти зани 45 - сола бо иттиҳоми қаллобӣ
Назари бевоситаи муттаҳамон дар мавриди ин гузориш маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки моҳҳои охир шаҳрвандони Тоҷикистон аз ба маротиб гарон будани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар кишвар дар қиёс бо давлатҳои ҳамсоя шикоят доранд.
Гарчанде Ожонси ҳавонавардӣ нархи чиптаҳои омадурафт дар масири Тоҷикистону Русияро 500 доллари амрикоӣ муайян карда буд, дар амал чиптаҳо ба маротиб қимат фурӯхта мешаванд.