ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз наҷот додани 9 нафар аз дохили як лифти аз кормонда, хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳолат шаби 8 ба 9 июн дар яке аз биноҳои баландошёнаи шаҳри Турсунзода иттифоқ афтодааст.
Пас аз банд мондани 9 нафар дар дохили лифт, пайвандони онҳо ба шӯъбаи КҲФ дар ин минтақа тамос гирифта, наҷотбахшонро дар ҷараён гузоштанд.
Манбаъ меафзояд, кормандони шӯъбаи КҲФ пас аз ҳозир шудан ба ҷойи ҳодиса дар 5 дақиқа дари лифтро боз ва одамони бандмондаро наҷот доданд.
Эҳтимол сабаби банд мондани лифт аз ҳад зиёд савор шудани одамон гуфта мешавад.
Зикр мегардад, ки ду модари 35 - сола бо кӯдакони аз 6 то 14 - солаи худ бидуни ягон осеб аз лифт берун оварда шуданд.