Сӯхтор дар бинои бисёрошёнаи шаҳри Душанбе - видео

Шоҳидон аз осеби кӯдак дар ин сӯхтор мегӯянд, аммо расман мақомот то ҳол ҳодиса ва пайомадҳои онро шарҳ надодаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Навори сӯхтори хонае дар бинои бисёрошёна дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст.
Ба иттилои шоҳидон, ҳодиса тақрибан нисфирӯзи 9-уми июн рух дода, дар пайи он тифле осеб дидааст. Аммо расман ин иттилоъ то ҳол тасдиқ нашудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷиикстон то ҳол ҳодисаи сӯхтору пайомадҳои онро шарҳ надодааст.
Дар навори дигаре, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, лаҳзаҳои хомӯш кардани сӯхтор инъикос ёфтааст, аммо ба иттилои шоҳидон об аз замин то ошёнаи оташгирифта намерасид.
Ҳамасола дар Тоҷикистон бар асари сӯхтор даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, миллион сомонӣ маблағ хисорот расонда мешавад. Мақомоти оташнишонӣ пайваста бо гузарондани чорабиниҳо шаҳрвандонро ба риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор даъват мекунанд.