Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

СҶБ аз коҳиши коронавирус ва авҷи вабои дигар ҳушдор дод

Роҳбари ин созмон изҳор доштааст, ки сар аз моҳи май сироятёбӣ ба вируси COVID - 19 коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 июн - Sputnik. Тедрос Аданом Гебрейсус, роҳбари СҶБ мегӯяд, маризии коронавирус аз моҳи майи соли ҷорӣ рӯ ба коҳишшавӣ ниҳодааст.
Аммо ӯ ҷаҳонро аз авҷи навъи дигари коронавирус, COVID-26 ва COVID-32 ҳушдор медиҳад, ки бисёр хатарнок аст.
Тедрос мегӯяд, зери хавф асосан нафароне қарор мегиранд, ки алайҳи коронавирус ваксин нагирифтаанд.
Ӯ зимни як баромади худ аз қавли табибон эълон кард, ки ягона роҳи наҷот ёфтан ин танҳо эм гирифтан ҳасту халос.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Теъдоди гирифторони коронавирус дар Ҳиндустон ба 29 миллион расид
Бо вуҷуди ин, мублатошавӣ ба вируси COVID - 19 ҳамоно идома дорад. Аз ҷумла дар Олмон шабонарӯзи гузашта 1204 мавриди гирифторшавии ҷадид ба қайд гирифта шуд.
Дар Русия давоми 24 соат, 9 977 нафар мариз шуданд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон пасттарин нишондоди коронавирус сабт гардидааст.
Аз замони авҷи ин вабо дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор нафар гирифтор шуданд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Қирғизистон тирамоҳ навъи вазнини COVID пайдо мешавад - шарҳи вазир
Дар Қазоқистон ин адад ба 395 832 нафар баробар аст. Дар Қирғизистон 107 714 мубталои коронаиврус сабт гардидаанд.
Ӯзбекистон аз лиҳози гирфиторшавии шаҳрвандон ба коронавирус аз Тоҷикистон дар як зина поинтар қарор дорад. Дар ин кишвар 102 163 дардманд ба қайд гирифта шудааст.