Рӯзи 9 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1935 дар Иттиҳоди Шӯравӣ қонуне қабул гардид, ки тибқи он нисбат ба шахсони аз сарҳад фироркунанда ҳукми қатл татбиқ мегардид.
Соли 1956 дар заминҷунбие, ки дар Афғонистон ба вуқӯъ омад, зиёда аз 400 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1978 китоби Библияи Гутенбег дар музояда ба маблағи 2,4 миллион доллар фурӯхта шуд.
Соли 1994 Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев эълон кард, ки пойтахти ин кишвар аз Алма-Ато ба Акмолу (Селиноград) кӯчонида шавад.
Соли 1994 Шӯрои амнияти СММ қувваҳои сулҳҷӯёнаи худро ба Ҷумҳурии Раунда равон кард.
Соли 1863 дар Ванкувер бузургтарин ҷанги аскарони савора дар ҷанги шаҳрвандии ИМА баргузор гардид.
Соли 1908 аввалин маротиба ҳолати дар ҳаво наҷот додани одаме, ки парашюташ кушода нашудааст, ба қайд гирифта шуд.
Рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2012 мусобиқаи футбол байни дастаҳои "Хайр" (Ваҳдат) ва "Вахш" (Кӯрғонтеппа) дар дақиқаи 55-ум бо сабаби боридани борони пуршиддат ва жола боздошта шуд. Аз сабаби он, ки дар он вақт майдонро жола пӯшонида буд, довари майдон Диловаршоҳ Орзуев бозиро боздошт. Ҳисоби бозӣ то он вақт кушода нашуда буд.
Соли 2013 Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар шахси президенти он Рустами Эмомалӣ ва Ассотсиатсияи футболи Япония (АФЯ) дар шахси муовини президенти он Козо Ташимӣ Ёддошти тафоҳум имзо намуданд.
Соли 2011 раисҷумҳури Тоҷикисто Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаҳои музокироти расмии ҳайати Тоҷикистон ва Австрия ба намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳороти матбуотӣ доданд.
Соли 2015 дар "Кохи Сомон"-и Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" дар солҳои 2005-2015 баргузор гардид. Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд.
Соли 2015 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт" дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуданд.
Ҷашнҳои рӯзи 9 июн
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи кормандони саноати сабук.
Рӯзи байналмилалии аккредитатсия.
Рӯзи байналмилалии дӯстон.
Рўзи байналмилалии бойгонӣ.
Рӯзи 9 июн дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд
Солҳои 1906 -1990 - Ҳофизи халқии Тоҷикистон Ҷурабой Бобоев
Соли 1950 - нависанда Акбар Абдулло
Соли 1963 - овозхон Сангали Мирзоев
Соли 1966 - олим, доктори илмҳои филологӣ, академики Академияи улуми Тоҷикистон Мирзоҳасан Султонов