ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Ҳангоми сафари сарвари давлат ба департаменти Дром, як фарди ношинос президенти Фаронса Эммануэл Макронро шаппотӣ зад.
Ин ҳодиса пас аз сафари Макрон ба литсей дар коммунаи Тейн-л'Эрмитаж рух дод.
Навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳншуда нишон медиҳад, ки кишвардор ба шахсоне, ки ӯро дар кӯча интизор буданд, наздик шуда, дасти яке аз мардҳоро гирифт.
Аммо, ин мард бо дасти дигараш бо мушт ба рӯи президент зад.
Пас аз он, посбонон ба вазъ дахолат карда ва марди ришдорро боздоштанд.
Тибқи иттилои BFMTV, Қасри Елисей ин ҳодисаро тасдиқ намуда, қайд кард, ки ин на торсакӣ ба рӯй, балки кӯшиши ба амал овардани он буд.
Дар ин росто, пулис ду нафарро боздошт кард.