Амонзода ва Кивер муқобили терроризм дар байни муҳоҷирон мубориза мебаранд

Вазири тоҷик ва роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои минбаъдаро низ идома медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 июн - Sputnik. Дар Душанбе мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Ширин Амонзода ва роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе Валериу Кивер баргузор гардид.
Дар ин бора котиботи вазорати мазкур хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, аснои мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуданд.
Ширин Амонзода шахсан аз рафти сохтмони иншоот дар ноҳияи Дӯстӣ дидан кард
Аз ҷумла ба масъалаи пешгирӣ аз терроризму экстремизм дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ таваҷҷӯҳи бештар равона гардид.
Илова бар ин, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти бартараф кардани зӯроварӣ дар байни муҳоҷирон ва аъзои хонаводаи онҳо муборизаи бештар мебаранд.
Манбаъ меафзояд, дар фарҷоми мулоқот, Амонзода ва Кивер изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳои муштаракро дар самтҳои зикрнамуда бештар равнақ медиҳанд.