Силсилатаркишҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ: тасодуф ё қонунмандии тарснок

Сар задани инфиҷорҳо дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ далели набудани бехатарӣ дар ин марказҳо мебошад, ки мутаассифона ба фавти одамони оварда мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июн - Sputnik. Дар давоми як моҳи охир дар Тоҷикистон якбора се ҳолати фавқулодаи "инфиҷор" дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ рух дод.
Аввалин ва фоҷиабортарин он дар Душанбе, дар минтақаи Сино сар зад. Бар асари ин ҳодисаи даҳшатбор дасти кам 29 нафар ҷароҳатдор шуданд, ки 5 нафари онҳо дар ҳолати вазнини ба бемористон интиқол ёфтанд. Ҳамчунин Алексей Рязантсеви 21 - сола, ки дар ин нуқта ба ҳайси маъмур кор мекард, бо 75 фисади бадани сӯхта пас аз як ҳафта ҷон аз даст дод.
Нисбати соҳиби нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бар асоси моддаи 192, қисми 3 (вайрон кардани қоидаҳои бехатарии сӯхтор, ки ба таври нохост марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнинро ба бор меоварданд) парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва ба ӯ аз 2 то 5 соли ҳабс таҳдид мекунад .
"Алексей дар ҳолати вазнин аст": тафсилоти бештар аз таркишу сӯхтори Испечак
Зимнан, расо 20 рӯз пас аз ин ҳодиса дар вилояти Суғд як мошини боркаш бо 35 тонна сӯзишворӣ таркид. Ронандаи 29 - сола, ки аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромад ба канори роҳ чаппа шуд ва хушбахтона худ ва мусофири ӯ аз дохили мошин тавонистанд бидуни осеб фирор кунанд.
Инчунин пас аз як моҳ дар вилояти Хатлон боз як оташсӯзии шадид сар зад, ки ҳудуди 40 метри мукааб масоҳатро фаро гирифт. Дар ин ҳодиса 9 нафар ҷароҳатдор шуданд ва хушбахтона талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Ҳоло дар саросари кишвар рейдҳое гузаронида мешаванд, ки нақзи чораҳои бехатарӣ ва қоидаҳои кор бо маводи сӯзишворӣ санҷида мешавад. Шояд даҳҳо нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ баста шавад, аммо ин кор машкили ҷойдоштаро ҳал нахоҳад кард.
Дар ин миён, тиҷорати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, ки то ба итмом расидани рейдҳо пинҳон мемонад, баландтарин ҳодисаҳои "таркиш" дар Осиёи Марказӣ ва ИДМ-ро ба ёд меорем.
Ҷойи аввал дар рейтинги шубҳаноки таркишҳои бузургтарин дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ба Қазоқистон тааллуқ дорад. Дар соли 2019, дар наздикии маҳаллаи Қаратауи Шимкент таркише ба амал омад, ки бештар ба оғози ҷанги хурди атомӣ шабеҳ аст.
Тибқи маълумоти тафтишот, нахуст оташсӯзии ғайриоддӣ сар зад ва сипас таркишии мудҳиш рух дод. Дар натиҷа, як корманди 20-сола ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, новобаста аз кӯшиши табибон ӯ ҷони худро аз даст дод. Омили асосии сар задани таркишро чун дар Тоҷикистон ба риоя накардани чораҳои бехатарӣ рабт доданд.
Як ҳодисаи даҳшатбори дигар дар шаҳри Атирау рух дода буд. Таркиши систерни калон бо газ боиси хароб шудани биное гашт, ки дар масоҳати 60-70 метр дуртар қарор дошт. Инчунин ронандаи 34 - сола низ ба ҳалокат расид.
Ҳангоми холӣ кардани омехтаи газу ҳаво, ихроҷи газ ба амал омад ва як мошини боркаши пур аз сӯзишворӣ оташ гирифт. Таркиши цистерна боиси вайрон шудани як бино дар масофаи 60-70 метр гардид. Ин ҳодиса бо марги як ронандаи 34-солаи бензинкашон анҷомид.
Пас аз як сол, дар шаҳри Эсики вилояти Алмаато, дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таркиш сар зад, ки дар натиҷа ду мошин, 700 метри мукааб алафзор ва ҳамчунин ронандаи 72 - сола ҷон аз даст дод.
Соли 2021 дар Ӯзбекистоняк таркиши мудҳиш сар зад, ки дуди сиёҳи оташсӯзӣ аз дурии чандин километр маълум буд. Хушбахтона дар ин ҳодиса ҳеҷ кас фавт накард.
Як ҳодисаи даҳшатбори дигар ҳанӯз 1,5 сол пеш дар Ҷиззах иттифоқ афтода буд. Дар ин ҳодиса як нафар ҳалок ва якеи дигар ба бемористон интиқол ёфт. Инчунин бинои НФС қисман хароб гардид. Ба гуфтаи муфаттишон, сабаби таркиш истифодаи нодурусти таҷҳизот арзёбӣ шуд, ки ба таъмир ниёз доштанд. Ин ҳодиса дар пасманзари талаби мақомот дар бораи пурзӯр кардани назорат аз болои истифодаи таҷҳизот пас аз пора шудани "Жигули" -и кӯҳна дар натиҷаи таркиши балони пропан дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар Ӯзбекистон рух дод.
Взрыв в Джизаке
Дар Қирғизистон низ амнияти сӯзишворӣ на ҳама чиз мувофиқ аст. Намунаи ин ҳолати фавқулода дар Иссиқкӯл дар соли 2017 аст. Тибқи яке аз фарзияҳо, дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ корҳои кафшеркунӣ гузаронида шуданд, ки пас аз он таркиш ба амал омад ва сӯхтор сар зад, ки боиси таркишмудҳиш дар нуқтаи сӯзишворӣ гардид. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, таркиш ба ҳадде шадид буд, ки боқимондаҳои балонҳои газ 500 метр пароканда шуданд. Бар асари таркиши балони газ, чанд мошин оташ гирифт ва падару писар дар яке аз мошинҳои сӯзишворӣ сӯхтанд. Дар маҷмӯъ, 10 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Аммо агар ба таҷрибаи ғамангези байналмилалӣ назар афканем, бузургтарин офат аз рӯи шумораи қурбониёни якдафъаина дар даҳсолаи охир ин ҳодиса дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар Гана буд. Шаби 3 ба 4 июни соли 2015, бо сабабҳои номаълум, контейнерҳо бо сӯзишворӣ таркиданд. Бевосита аз таркиш дар худи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ 96 нафар ба ҳалокат расиданд. Пас аз он сӯзишвории сӯзон аз болои об ҷорӣ шуд (обхезӣ дар шаҳр идома дошт) ва ба манзилҳои сокинон расида боиси сӯхтори нав гардид, ки дар натиҷа сафи қурбониён боз ҳам афзоиш ёфт.
Бисёре аз ҷасадҳои қурбониён ба бемористони низомии маҳаллӣ интиқол дода шуданд, зеро дар сардхонаҳо тамоман ҷой набуд. Дар маҷмӯъ, беш аз 200 нафар қурбони ин ҳодиса гардиданд.