ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қазияи боздошт шудани ҷияни ҳамсари Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистонро шарҳ дод.
Манобеи РИА Новости бо истинод ба Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон менависад, Амриддин Нахшови 36 - сола бо моддаи "Авбошӣ" муттаҳам дониста мешавад.
Гуфта мешавад, ба ҷияни хонум Азизамо Асадуллоева то 5 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Эҳтимолияти ба зиндон маҳкум нашудани Нахшов низ ҷой дорад, аммо дар ин сурат ӯ ба пардохт намудани аз 60 то 120 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф карда мешавад.
Қаблан хабар дода шуд, ки ҷиняти бонуи аввали Тоҷикистон дар тарабхонаи Данғара занозании оммавӣ анҷом дод.
Бар асари ин ҳодиса, дасти кам 10 нафар бо ҷароҳатҳои аз корд бардошта бистарии беморхона гардиданд. Ин ҳодиса ҳанӯз ду ҳафта пеш, рӯзи 16 май иттифоқ афтода буд.
Амриддин Нахшов пас аз ин ҳодиса фирор кард ва муддати 10 рӯз кормандони милиса ӯро ҷустуҷӯ доштанд.
Бо гузашти 10 рӯз, номбурда ихтиёран худро таслими полис кард.