ДУШАНБЕ, 7 июн – Sputnik. Феълан дар аксар кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрикои Шимолӣ ҷараёни доманзании вируси COVID - 19 майли коҳишёбӣ ниҳодааст.
Аз ҷумла дар Ҳиндустон шабонарӯзи гузашта 100 ҳазор ҳолати ҷадиди беморшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин адад дар муқоиса ба моҳи пеш ниҳоят кам аст.
Дар Аврупо низ дар қиёс ба моҳҳои пеш гирифторшавӣ ба ин дард ба маротиб кам шудааст. Чунин вазъ дар Амрикои Шимолӣ низ ба назар мерасад.
Аммо вазъият дар Амрикои Ҷанубӣ каме вазнинтар аст. Дар Бразилия низ ин ҳолат чандон хушкунанда нест. Ду рӯз қабл дар ин ҷо 95,6 ҳазор мавориди нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд. Дар Аргентина давоми 24 соати ахир 35 ҳазор ҳолат ва дар Колумб 30 ҳазор мавриди нав ба қайд гирифта шуд.
Зимнан, дар Туркия ва Эрон низ вазъият рӯ ба беҳбудӣ дорад.
Рӯзҳои ахир дар Туркия то 6-7 ҳазор ҳолати нав ва дар Эрон то 10 ҳазор мавриди нави беморшавӣ миёни шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст.
Дар Тоҷикистон сар аз мобайнҳои декабр ягон мавриди нави беморшавӣ сабт нагардидааст.