ДУШАНБЕ, 6 июн - Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский бо намояндагони ВАО ба муносибати Рӯзи рӯзноманигорон мулоқоти ғайрирасмӣ баргузор кард.
Дар Украина ҳамасола 6 июн ҳамчун Рӯзи рӯзноманигор таҷлил карда мешавад.
"Ман рӯзро бо рӯзноманигорон дар арафаи ҷашни касбии онҳо гузарондам. Ин дафъа бо сихкабобе, ки бо дастони худ омода кардам, боду ҳавои тоза ва чун ҳамеша, фазои дӯстона. Сӯҳбат бидуни маҳдудият, саволҳои тезу тунд ва ҷавобҳои самимии ман. Хеле хуш аст, ки чунин вохӯриҳо аллакай анъанаи хубе шудаанд. ", - навиштааст Зеленский дар Инстаграми худ.
Ёдрас мешавем, ки роҳбари Украина аллакай як сол қабл чунин мулоқот барпо карда буд.
Он замон президент ва кормандони ВАО дучархаронӣ карданд.
Ёдрас мешавем, ки дар Украина ҳамасола 6 июн ҳамчун Рӯзи рӯзноманигор таҷлил карда мешавад.
Ҳамчунин дар ин рӯз, дар Аргентина — Рӯзи муҳандисон, дар Қазоқистон — Рӯзи полиси молиявӣ буда, ҳамчунин Рӯзи байналмилалии кормандони кооператсия, Рӯзи забони русӣ дар СММ, Рӯзи Пушкин дар Русия ва Рӯзи муҳаббат дар Швейтсария таҷлил мешавад.