Аз "Ford" то "Mercedes": қарори Рустам Эмомалӣ дар бораи баргузории "Авто-ретро Душанбе"

Дар пойтахти Тоҷикистон фестивал-намоишгоҳи "мошинҳо нодир" - "Авто-ретро Душанбе" баргузор мешавад
Sputnik
"Авто-ретро Душанбе" дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивиро ба Фестивал-намоишгоҳ даъват менамояд.
Бино бар иттилои шаҳрдорӣ, 26 июн дар майдони "800 солагии Москав"-и назди Муассисаи давлатии "Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ", Фестивал-намоишгоҳи нуҳуми автомобилҳои коллексионии "Авто — ретро Душанбе" баргузор мегардад.
Ҷашнвора аз соати 16:00 то соати 22:00 идома ёфта, дар он мошинҳои қадимии истеҳсоли Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупо ва Амрико ба тамошо гузошта мешаванд.
Макони ва замони баргузории Фестивал-намоишгоҳи “Авто-ретро Душанбе” маълум гардид
Дар ин бора қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.
Намоишгоҳи мазкур аз ҷониби шаҳрдории Душанбе ва Иттиҳодияи ҷамъиятии "Клуби дӯстдорони мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо" дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор баргузор гардида, он ба соли рушди сайёҳӣ бахшида шудааст.
"Меҳмонони "Авто-ретро Душанбе" метавонанд аз тамошои ретро-мошинҳои нодир ва тамошобоби тамғаҳои "Победа", "Москвич", "Волга", "Запарожец", "Лада", "Volkswagen", "Ford", "Chevrolet" "Pontiac" ва албатта, "Mercedes-Benz", ки дар Ғарб рамзи асосии ҳаракати дӯстдорони олдтаймерҳо маҳсуб мешавад, ҳаловат баранд", - менависад манбаъ.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ масъулинро баҳри дар сатҳи зарурӣ доир намудани Фестивали мазкур вазифадор намуда, дастур додааст, ки дар ин самт чораҳои зарурӣ андешанд.
Ёдовар мешавем, ки нахустин ретро-намоишгоҳи мошинҳо дар Душанбе моҳи апрели соли 2013 баргузор шуда буд.