Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

“Ҷанг чӣ даркор?”: фурӯкаш шудани ташаннуҷ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Бо гузашти як рӯз аз ташаннуҷи вазъ дар марз Тоҷикистону Қирғизистон ба тавофуқ расиданд, нерӯҳои низомиву инсонии худро қафо кашанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 05 июн – Sputnik. Хуршед Икромов, раиси дастгоҳи ноҳияи Лахш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, пас аз музокироти қариб якрӯза ҳайатҳои босалоҳияти ҷонибҳо муваффақ шуданд, ки ба як иттифоқи назар расида, ташаннуҷи вазъ дар марзро рафъ намоянд.
“Ин ки чӣ тавофуқ ҳосил шуд, мақомоти зидахл тафсилоташро бо ҷомиа ба миён хоҳанд гузошт. Аз ҷониби худ мо хуш астем, ки ҳама бо тиҷиву оромӣ ба охир расид”, - гуфт Хуршед Икромов.
Субҳи рӯзи гузашта, 4 июн, расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки низомиёни тоҷик як километр ба қаламрави баҳсии миёни деҳаи Қарамиқи ноҳияи Лахш ва деҳаи Унҷу Булоқи ноҳияи Ҷон Алайи вилояти Ӯш ворид шуда, контейнерҳо насб кардаанд.
Дар ҳоле ки мақомоти Қирғизистон изҳор доштанд, низомиёни тоҷик контейнерҳоро дар қаламрави баҳсии миёни ду кишвар ҷойгир кардаанд, мақомоти Тоҷикистон посух доданд, ки ин маҳал таъйин ва аломатгузорӣ шуда, нерӯҳои марзбонии тоҷик дар садади эҷод кардани зерсохторҳои зарурӣ дар қаламрави худ ҳастанд.
Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи хуруҷи нерӯҳо аз марз ба мувофиқа расидаанд - Видео
Дар ин миён ду кишвар нерӯҳои низомии худро дар ин маҳал мустақар намуданд ва мардуми бумӣ, бештар мардону ҷавонон низ аз ду тараф ҷамъ омаданд.
Бегоҳи ҳамон рӯз расонаҳои Қирғизистон хабар доданд, ки сокинони се деҳаи марзӣ, қабл аз ҳама, занону тифлон ва мӯйсафедонро ба маҳалҳои дур аз хатти марз интиқол доданд. Ҳамон рӯз ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Қирғизистон бо сарварии раисони кумитаҳои давлатии амнияти миллии ду кишвар – Сайидмуъмин Ятимов ва Қамчибек Тошиев низ ба маҳал омада, сари мизи музокирот нишастанд.
Бино ба иттилои ҷониби Қирғизистон, даври аввали музокироти ҳайатҳо бидуни натиҷа анҷом ёфтааст.
Зуҳри имрӯз, 5 июн, Қамчибек Тошиев ба расонаҳои Қирғизистон иттилоъ дод, ки даври дуввуми музокирот ба анҷом расида, ҷонибҳо як тавофуқномаеро аз 8 модда ба имзо расонидаанд ва тафсилоти онҳо дар як изҳороти муштараки ҷонибҳо эълон хоҳад шуд.
Ӯ танҳо гуфт, ки нерӯҳои низомии ду кишвар ба маҳалли истиқрори худ баргардонида хоҳанд шуд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
“Ҷойи нигаронӣ нест”: шарҳи Шӯрои Амнияти Қирғизистон дар бораи вазъи марз
Дар ҳамин ҳол, ҳудуди 300 нафар марду ҷавоне, ки аз навоҳии Лахшу Тоҷикобод ва Рашт аз ҷониби Тоҷикистон дар маҳалли ҳодиса ҳузур ёфта буданд, ба хонаҳои худ баргаштаанд.
Фирдавс Ҳасанов, як сокини ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, як шаби дароз бедорхобӣ кашида, аз ин ки миёни ҷонибҳо сулҳ афтодааст, изҳори қаноатмандӣ кардааст.
“Ҷанг як кори бадтарин аст. Мо дар Лахш онро як бор дидем. Таҷрибаашро ҳам дорем, аммо бештар аз он бадбахтиҳояшро низ шоҳид шудаем. Умедворем, ки ҷонибҳо аз ин пас баҳсро на дар майдони ҷанг, балки сари мизи музокирот кунанд. Ҷанг фақат харобӣ овардааст, касеро обод накардааст”, - гуфт ӯ.
Танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз соли 1989 ба ин сӯ идома доранд. Он замон аввалин даргирӣ миёни сокинони ду кишвар дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара ба вуқӯъ пайваст ва охирин даргирии сангин низ 29 апрели соли равон дар ин деҳа оғоз шуда, ба тамоми манотиқи марзии миёни ду кишвар густариш ёфт ва зуд бо эълони як оташбас фурӯкаш шуд.
Он чӣ дар Лахш иттифоқ афтод, зоҳиран идомаи ҳамон танишҳост, ки ба хубӣ анҷом ёфт.