Душанбеву Тошканд омодагӣ ба сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро баррасӣ карданд

Дар Душанбе мулоқоти вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва муовини сарвазири Ӯзбекистон баргузор шуд, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар бинои Вазорати умури хориҷа мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Сарвазир – Вазири сармоягузорӣ ва савдои берунаи Ӯзбекистон Сардор Умурзаков баргузор гардид.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, Муовини Сарвазир бо сафари якрӯзаи корӣ дар Душанбе қарор дорад.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои омодагӣ ба сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10-11 июни соли 2021 дар назар дошта шудааст, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тиҷорат бештар мешавад: тоҷирони 13 минтақаи Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омаданд
Манбаъ қайд кардааст, ки ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин шарикии ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули назар карданд.
Ёдрас мешавем, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 10 то 12 июн бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид.
Сарони кишварҳо ният доранд, ки дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар тамоми соҳаҳо баррасӣ намуда, инчунин ҷараёни иҷрои қарордодҳои қаблан ҳосилшударо мавриди таҳлил қарор диҳанд.
Дар назар аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои сафари сарвари давлати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон байни Душанбе ва Тошканд бастаи нави созишномаҳо дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, тиҷорату молия, бахши кишоварзӣ ва фарҳангу илм ба имзо расад.
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз саҳми сафири Тоҷикистон дар рушди муносибатҳо гуфт
Дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе инчунин таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” консерти муштараки устодони санъати ҳар ду кишвар баргузор мешавад.
Қаблан Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 бо сафари давлатӣ, сипас охири моҳи сентябри соли 2018 (иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ), баъдан 14 июни соли 2019 (иштирок дар нишасти 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё) ба Тоҷикистон ташриф оварда буд.