На чипта хариду на пулро гардонд: боздошти зани 45 - сола бо иттиҳоми қаллобӣ

Зани боздоштшуда пулҳои барои хариди чипта гирифтаашро на кори корафтодаро буд кардааст на баргардонидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июн - Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон зани 45 - солаеро боздошт кардааст, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад.
Зан дар пайи шикояти марди 28-солаи сокини ноҳияи Муъминобод дастгир шудааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 27-уми апрели соли 2021, боздоштшуда, сокини ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 48 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки то 1-уми майи соли 2021 чиптаи ҳавопаймо гирифта медиҳад.
Аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накарда, маблағи гирифтаашро барнагардонидааст.
Ба гузориши ВУД боздоштшуда пеш пеш низ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст.
Гуфта мешавад, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бо фиреби ӯ муҳоҷиронро аз Красноярск гардонданд: боздошт барои даъватномаҳои қалбакӣ
Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта низ Оҷонсии зидди фасод аз боздошти як зани дигар хабар дода буд, ки ба гумони сохтакории даъватномаҳои табобатӣ барои вуруд ба Русия муттаҳам мешавад.
Ба гузориши Оҷонсӣ, Минбоева Саодат аз шаҳрвандони болозикр ҷамъ маблағи умумии 16000 сомониро гирифта, даъватномаҳоро барои истифодабарӣ дод.
Аммо дар фурудгоҳи байналмиллалии шаҳри Красноярски Федератсияи Русия зимни санҷиши ҳуҷҷатҳо муайян гардидааст, ки даъватномаҳо барои табобат сохтакорона омода карда шуда, дар ин асос номбурдагон ба Тоҷикистон бозпас гардонида шудаанд.