Зодрӯзи Расторгуева ва Қурбон Аламшоҳ: 5 июн дар таърих

Рӯзи 5 июн аз Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист ҷашн гирифта мешавад
Sputnik

Рӯзи 5 июн дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1849 дар Дания парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд.
Соли 1940 дар Канада фаъолияти 16 созмон, аз ҷумла, созмонҳои фашистӣ ва коммунистӣ қатъ карда шуд.
Соли 1992 миёни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Норвегия муносиботи дипломатӣ баста шуданд.
Соли 1993 дар Маскав ва Ассамблеяи конститутсионӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 1940 дар Амрико аввалин чархҳои синтетикӣ-резинӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Рӯзи 5 июн дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1961 Ҳафтаи адабиёти қирғиз дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Соли 2013 доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон баррасӣ гардиданд.
Медали тиллои Расул Боқиев ва зодрӯзи Муаттара Ҷӯраева: 4 июн дар таърих
Соли 2012 дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Вэн Ҷябао масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар ба таври муфассал баррасӣ шуданд.
Соли 2013 Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими оғози сохтмони қисмати туркманистонии роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ба шаҳри Атамуроди Туркманистон сафар карданд.
Соли 2013 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"-ро ҷонибдорӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 5 июн

Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист
Дар Озарбойҷон - Рӯзи кормандони хоҷагии об ва мелиоратсия
Дар Дания иди давлатӣ - Рӯзи Конститутсия

Рӯзи 5 июн дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Соли 1912 - Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, шарқшинос Вера Расторгуева.
Соли 1930 - рӯзноманигор - аксбардор Зиннат Азизов
Соли 1945 - коргардони сирк, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Сарват Беҳбудӣ
Соли 1957 - журналист, нависанда Умари Шерхон
Соли 1960 - журналист Қурбон Аламшоҳ