ДУШАНБЕ, 04 июн – Sputnik. Намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Федератсияи Русия бо роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони Осетияи Шимолӣ "Помир", Худодод Арсен вохӯрӣ карданд.
Котиботи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими фаъолияти корӣ, расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ дар минтақаи иқомат, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ дар корхонаву коргоҳҳои минтақаи Осетияи Шимолӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Зикр гардид, ки Ташкилоти ҷамъиятии минтақавии тоҷикони Осетияи Шимолӣ, "Помир" пайваста чорабиниҳои мухталифро дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, тоҷикони муқими Осетияи Шимолӣ баргузор мекунад ва бо ин фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, дар ин минтақа барои ҷалби қувваи корӣ, Агентии бо кортаъминкунӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамзамон пешниҳод гардид, ки барои ҷалби муташакилонаи қувваи корӣ ба Осетияи Шимолӣ мулоқоти роҳбарияти Намояндагӣ бо доираи корфармоёни муваффақи минтақа ба роҳ монда мешавад.