ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Ҳабибулло Негматов, як сокини маҳаллаи Чашма - 3 - и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, даҳ рӯз ба ин тараф оби нӯшокӣ дуруст ба манзилҳояшон ҷорӣ намешавад ва ин ҳол онҳоро водор намудааст, ки ба ҷустуҷӯи об раванд.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, шому саҳар масофаи дурро тай намуда, бо сатил ва дигар васоил ба хонаҳояшон дастӣ об мекашонанд.
"Аз чумаки (кран) оби хона ҳамагӣ 10 литр об гирифта мешавад, ё не, ки хушк мешавад. Ин ҳолат ду ҳафта боз идома дорад. Дар ин миён аз гармои баланд дарахтони хона аз беобӣ хушк шудаанд”, - гуфт сокини маҳаллаи Чашма -3.
Беҳрӯз Кенҷаев, сокини Хуррамшаҳр, мегӯяд, мушкили норасоии оби нушокӣ дар ин маҳаллаи Хуҷанд низ ҷой дорад. Бино ба гуфти ӯ, дар ин маҳалла дар шабонарӯз кам ё бештар аз 20 дақиқа об меояд, ки суръати интиқоли он ҳам паст буда, ҳатто барои захира кардан ҳам кифоя намебошад.
“Фишори об паст аст, на барои захира кардан мерасад, на барои обёрии дарахтон. Даҳ рӯз мешавад, ки дар даст сатил ба ҷустуҷӯи об ба маҳаллаҳои дигари Хуҷанд меравем”, - иброз намуд Кенҷаев.
Бино ба гуфти ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон ҳоло мушкили норасоии оби нушокӣ ба ҷуз маҳаллаҳои Чашма -3 ва Хуррамшаҳр, дар маҳаллаҳои 27 ва 20 - уми Хуҷанд низ ҷой дорад. Сокинони чунин маҳаллаҳо изҳор намуданд, ки бо ин мушкили худ ба масъулини Корхонаи воҳиди давлатии (КВД) “Хуҷандобуканал” ва шаҳрдори Хуҷанд муроҷиат намуданд, вале ду ҳафта мешавад, ки вазъ тағйир наёфтааст.
Сокинон мегӯянд, норасоии оби нӯшокӣ дар гармои тоқатфарсо кору мушкили онҳоро дучанд намудааст. Носир Ғафуров, директори генералии КВД “Хуҷандобуканал” дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон мушкили норасоии об ба маҳаллаҳое, ки зикрашон рафт таъйид кард.
Ӯ гуфт, бархеи сокинон обро исрофкорона истифода мебаранд, ки сабаби норасоии он дар баъзе маҳаллаҳо боис мегардад.
“Аз сабаби он, ки системаи обёрии полезӣ дар Хуҷанд фаъол нест, мо ба сокинон иҷоза додаем, ки барои обёрии дарахтон аз оби нӯшокӣ истифода кунанд, фақат ба як шарт, ин корро шабона иҷро кунанд. Аммо бисёриҳо ин шартро вайрон намуда, рӯзона ба обмонии майдончаҳои назди бино машғул мешаванд, ки дар натиҷа мушкили норасоии об дар баъзе маҳаллаҳо пайдо мешаванд. Чизи дигар ин аст, ки муҳаррикҳои обкаш, ки фарсуда шудаанд, зуд – зуд корношоям мешаванд”, - афзуд Ғафуров.
“Тиллотақсим” - ба ҳар як оила 10 ё 20 литр об
Аммо сокинон мегӯянд, дар асл вазъи обрасонӣ ба дараҷаи солҳои қаблӣ набуда, балки вақт ва суръати интиқоли об хеле коҳиш ёфтааст.
Носир Ғафуров мегӯяд, ҳоло ба далели мушкили норасоии оби нушокӣ ҳамарӯза то 10 мошин, барои сокинони маҳаллаи Чашма -3, ройгон об тақсим мекунанд. Вале сокинон мегӯянд, тақсими оби мошин, барои онҳо мисли “тиллотақсим” сурат гирифта, 10 ё 20 литр ба ҳар як намояндаи хонавода об мерасад, ки аслан талаботи онҳоро дар ин гармои тобистон қонеъ намесозад.
КВД “Хуҷандобуканал” дар мувозинати худ беш аз 60 адад чоҳи амудӣ дорад. Чанд адад чунин чоҳҳои обкаш фаъол буда, чанд адад аз кор бозмондаанд, масъулин намегуянд.
Баъзе аз сокинони маҳаллаҳо, ки ба умқи мавзӯъи норасоии оби нушокӣ ворид шудаанд, таъкид меварзанд, ки яке аз сабабҳои аслии масъала ба таъмири куллӣ ниёз доштани шуморе аз муҳаррикҳои ҳамин чоҳҳои обкаш аст.
Дар поёни соли гузашта КВД “Хуҷандобуканал” нархи хизматрасонии худро баланд намуда, қиммати 1 куб оби нушокиро барои аҳолӣ ба 2 сомонӣ баробар кард.