Путин: ваксини сохти Русия аз ҳама муассиру бехавф аст

Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Ваксини сохти Русия дар ҷаҳон аз ҳама муассиртару бехавф эътироф шудааст, гуфт Владимир Путин дар ҷаласаи Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Санкт - Петербург.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар Русия ягон мавриди фавт аз ваксинҳои ватанӣ сабт нашудааст.
"Самаранокии он аз 96% бештар аст. Тибқи маълумоти мавҷуда то ҳол ягон ҳодисаи фавт аз истифодаи ваксин ба қайд гирифта нашудааст", - афзуд роҳбари Русия.
Ӯ тавзеҳ, ки ҳоло дар ҷаҳон садҳо миллион нафар ба ваксин алайҳи маризии коронавирус дастрасӣ надоранд.

"Тақрибан 10 фисади сокинони ҷаҳон пурра эм карда шуданд ё қисми якуми ваксинаро гирифтанд. Аммо садҳо миллион нафар ба далели он ки давлаташон тавони истеҳсол кардан ва ё харид намудани ваксинро надоранд, аз эмгузаронӣ канор мондаанд", - афзуд Владимир Путин.

Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин кумакҳоро, ки ба давлатҳои ниёзманд расонда мешавад, хеле ночиз арзёбӣ кард. Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 2 то 5 июн идома хоҳад ёфт.