Ба Русия тавассути роҳи оҳан: қоидаҳои нави вуруд барои муҳоҷирон

Талоши роҳандозии ҳаракат тавассути масири заминӣ дар пайи норасоии шадиди қувваи корӣ дар Русия сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Муҳоҷирон метавонанд на танҳо тавассути ҳавопаймо, балки тавассути роҳи оҳан ба Русия расанд, гуфт муовини сарвазир, Марат Хуснуллин.

"Мо кӯшиш менамоем, ки тавозуни манфиатҳоро пайдо кунем ва ба мувофиқа расидем, ки механизми ҳамоҳангсозӣ ва ворид кардани нерӯи кориро аз ҷониби ширкатҳои калон сода мекунем. Ба низомнома тағйирот ворид карда шуд", - гуфт ӯ дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.

Ҳамзамон, вай афзуд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус муҳоҷирон ҳатман барои мавҷудияти COVID-19 озмоиш хоҳанд шуд.
"Ҳоло танҳо бо ҳавопаймо омада метавонанд, мо имкони омаданро тавассути роҳи оҳан баррасӣ кардем, яъне ин иловагӣ хоҳад буд", - шарҳ дод ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар Русия норасоии нерӯи корӣ дар сохтмонҳо тақрибан миллион нафарро ташкил медиҳад ва вазъро фалокатбор номид. Аз ин сабаб, нархи захираҳои меҳнатӣ дар Русия 50-100% афзудааст.
Дар ҳамин ҳол, Кирилл Пуртов, сардори Раёсати сиёсати иқтисодӣ ва рушди шаҳрҳои Маскав гуфт, ки тақрибан 7000 муҳоҷири корӣ бо дархости 13 ширкат ба зудӣ ба Маскав хоҳанд омад.
Хуснуллин аз норасоии фоҷиабори муҳоҷирон дар сохтмонҳои Русия гуфт
Ба гуфтаи ӯ, инҳо асосан шаҳрвандони Ӯзбекистон мебошанд.
Вай ёдовар шуд, ки ахиран Маркази муҳоҷирати Маскав дар Ӯзбекистон намояндагии худро боз кард. Таъсиси намояндагӣ пеш аз ҳама ба талаботи зиёд ба нерӯи кории хориҷӣ вобаста буд.
"Ҳоло мо дархостҳоро барои воридоти 6800 муҳоҷир аз 13 ширкат - асосан шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон тасдиқ кардем", - гуфт Пуртов.
Муовини шаҳрдори Маскав дар масоили сиёсати иқтисодӣ, моликият ва замин - Владимир Ефимов, маҳдудияти вуруди муҳоҷирон ба Федератсияи Русияро аз ҳад зиёд номид.