Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад системаи огоҳӣ аз ҲФ пайдо шавад

Таъсиси системаи огоҳкунии аҳолӣ аз таҳдиди ҳолатҳои фавқулодда шумораи қурбониёни офатҳои табииро дар ду кишвар коҳиш медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн - Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад системаи худкори огоҳкунии аҳолӣ аз таҳдиди ҳолатҳои фавқулода пайдо шавад.
Акрамҷон Неъматов, муовини аввали директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон зимни як конфронс дар Душанбе чунин пешниҳод кард, менависад Kun.uz.
Вай аҳамияти талошҳои муштараки ҷумҳуриҳоро барои ҳифзи аҳолӣ ва қаламравҳо аз офатҳои табиӣ таъкид кард. Ба гуфтаи Неъматов, барои ин зарур аст, ки корҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ ба роҳ монда шаванд.

"Бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим, бояд ба таҳияи Стратегияи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим шурӯъ кард", - гуфт мутахассис.

Чунин тадбир ба Тоҷикистон ва Ӯзбекистон имкон медиҳад, ки ҳам оқибатҳои манфии офатҳои табииро рафъ кунанд ва ҳам роҳҳои тезонидани татбиқи технологияҳои захиравӣ ва сарфаи табиатро таҳия кунанд, гуфт Неъматов.
Таъсиси нуқтаи ҳамкорӣ барои мубориза бо савдои одамон дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон
Вай қайд кард, ки ин ба баланд бардоштани ҳосил мусоидат мекунад ва зироатҳоро ба иқлими нав мутобиқ мекунад.
Ба гуфтаи Неъматов, ҳар сол офатҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ ба маблағи 10 миллиард доллар хисорот ворид мекунанд ва сел, обхезиву резиши тарма боиси ифлосшавии маҷрои обҳои фаромарзӣ мегардад.