Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират: то 30 июн ҳузури худро дар Русия ба расмият дароред

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки ҳоло дар қаламрави Русия ҳузур доранд, хоҳиш кардааст, ки будубоши худро то 30 июни соли равон ба расмият дароранд, то ки аз ин кишвар ихроҷ нашаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Хадамоти муҳоҷират зикр кардааст, агар шаҳрвандони ҷумҳурӣ будубоши худро дар​ Русия​ то 30 июни соли​ равон ба расмият надароранд, ба таври худкор ба руйхати шахсоне, ки вурудашон ба Русия манъ аст, шомил мешаванд.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки айни замон дар қаламрави Русия қарор доранд ва бо сабабҳои гуногун дар қайди муҳоҷиратӣ худро нагузоштанд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҳуқуқвайронкунии дигар надоранд, бояд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷирати ноҳияҳои Вазорати корҳои дохилии Русия муроҷиат намоянд ва худро ба қайд гиранд. Онҳо бояд будубоши худро дар Россия тамдид ва расмӣ намоянд”, - таъкид доштааст манбаъ.

Хадамоти муҳоҷират дар изҳороти худ бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони ҷумҳурӣ хоҳиш намудааст, ки барои муайян ва огоҳ намудани онҳо барои расмикунонии будубош дар Русия ба Хадамоти муҳоҷират ва сохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки то 30 майи соли равон ба дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохторҳои он 17804 нафар шаҳрвандон бо дархост муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо 17118 нафар шифоҳӣ, 40 нафар муроҷиати хаттӣ ва 646 нафари онҳо тавассути телефони боварӣ муроҷиат намудаанд.
Нотарсида омада, сабти ном шавед: муроҷиати Казакова ба муҳоҷирон
Ҳангоми санҷиши шаҳрвандон пеш аз сафар ба Русия, зиёда аз панҷ ҳазор нафар, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон дар маҳзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират ворид гардида буданд, аз сафари бебарор баргардонида шуданд.
Тибқи иттилои манбаъ, асосан муроҷиаткунандагон оид ба масъалаҳои муайян намудани ҳолати беруншавӣ (депортатсия) аз Русия, қонунгузории кишвари кордиҳанда, оид ба гирифтани патент дар Федератсияи Русия, барқарор намудани ҳуҷҷатҳои гумшуда, кумаку ёрӣ расонидан барои ба Ватан баргаштани хешовандон ва ғайра муроҷиат менамоянд.
Қайд шудааст, ки Хадамоти муҳоҷират барои таъсиси ҷойҳои кории нав ва дар ин замина паст намудани шиддати муҳоҷирати мехнатӣ ба хориҷа, ки яке аз масъалаҳои муҳими рӯз маҳсуб меёбад, ҳамкориро бо мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ ба роҳ монда, масъалаи мазкурро таҳти назорати доимии худ қарор додааст.