Аввал салқину баъд гармои шадид: тобистони имсол дар Тоҷикистон чигуна мешавад

Ожонсии обуҳавошиносӣ мегӯяд, ки дар Тоҷикистон танҳо даҳаи аввали фасли тобистон салқинтар меояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 03 июн – Sputnik. Авоили моҳи июн дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 2 -3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад "Ховар" бо истинод ба Ожонсии обуҳавошиносӣ
Бар хабари манбаъ, миқдори моҳонаи боришот аз меӯёр зиёд сурат мегирад.
Ба иттилои манбаъ, моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Хатлон то 27+30 дараҷа гамр мешавад.
Аммо баъдан дамои ҳаво дар ин вилоят то 39 дараҷа тафсон мешавад. Миқдори моҳонаи боришот аз меъёри муқаррарӣ зиёд пешгӯӣ шуда, дар оғоз ва нимаи моҳ боридани боронҳои шиддатнокиашон гуногун дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, дар ин муддат ҳаво дар ноҳияҳои тобеи марказ низ то 3 дараҷа паст мешавад.
Сел, чангу ғубор ва 45 дараҷа гармӣ: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии шадид
Моҳи июн ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар вилояти Суғд низ то 2 дараҷа паст мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 12+17 ва рӯзона то 25+30 дараҷа гарм мешавад. Аммо рӯзҳои боқимонда ҳарорати бартариятдоштаи ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона ба 31+36 дараҷа мерасад.
Чунин вазъи ҳаво дар ВМКБ низ пешгӯӣ мешавад. Дар рӯзи аввали моҳи равон дар ғарби вилоят ҳарорати ҳаво 14+19 дараҷа гамр мешавад.
Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво мисли дигар вилоятҳо аз меъёри иқлимӣ 2-3 дараҷа пасттар пешгӯӣ мешавад.
Нашри ин хабар дар ҳолест, ки рӯзи гузашта Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон аз баланд шудани дамои ҳаво ҳушдор дода буд.
"То 5 июн дар навоҳии Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво то 36+41 дараҷа пешбинӣ шудааст", - гуфта мешуд дар хабари ин ниҳод.
Ҳамчунин ҳушдор дода шуд, ки аз 3 то 4 июн дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятзҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ хатари ба амал омадани сел вуҷуд дорад.