ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо шарҳи ин ҳодиса гуфтааст, ки сӯхтор бомдоди имрӯз, соати 03:50 дақиқа сар задааст.
"Донишкадаи технология ва менеҷменти иноватсионии шаҳри Кӯлоб бар асари риоя накардани меъёру талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор оташ гирифт".
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон дар масоҳати 200 метри мураббаъ болопӯши боми бино ва толори маҷлисгоҳро оташ фаро гирифта буд.
Гуфта мешавад, сӯхтори мазкур бо қуваю воситаҳои ҷузъу томҳои хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ, бо пурраги хомӯш карда шуд.
"Айни ҳол аз тарафи мутахассисони Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ва дигар сохторҳои дахлдор таҳқиқи ҳодиса давом дошта зарар ва сабаби сухтор муайян карда мешавад", - афзудааст манбаъ.
Сомонаи "Пайк" бо гузориш аз ҷойи сӯхтор гуфтааст, ки толори маҷлисгоҳи донишгоҳ пурра сухта хароб гаштааст.
Ёдовар мешавем қаблан нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар пойтахт ва ноҳияи Ҷалолиддин балхӣ сар зада буд, ки дар пай маргу захмиҳои зиёде дошт.