ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Покистон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ ва раиси Сенати Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот кард.
Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии муносибатҳо байни ду давлат ва сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо барои боз ҳам фаъол гардонидани робитаҳои байнипарлумонӣ зарур шумурданд, ки тамосҳои ду кишвар тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва умуман мақомоти қонунбарори ду кишвар идома дода шавад.
Таъкид гардид, ки барои пешбурди муносибатҳо ва ҷиҳати амалӣ сохтани талошҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ва амният, мақомоти парлумонии ду кишвар метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Ёдрас мешавем, ки дар пайи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон бо иштироки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон 12 санади ҳамкорӣ имзо шудаанд.