Сипосгузории Раҳмон аз давлати Покистон барои истиқболи гарм: ба Тоҷикистон биёед

Президенти Тоҷикистон аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон қаноатманд аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷкистон, ки бо сафари дурӯзаи расмӣ дар Поикстон қарор дошт аз истиқболи гарми давлат ва мардуми ин кишвар сипосгузорӣ кард.
"Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии давлат ва мардуми Покистон изҳори сипос кард", -менависад котиботи кишвардор.
Ҳамчунин раисиҷумҳур дар суҳбаташ бо раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ сиёсатмадорро ба Тоҷикистон даъват кард.
Алоқаи ҳавоӣ ва сармоягузорӣ: суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Сенати Покистон
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Покистон, Имрон Хонро низ ба Душанбе даъват кард. Интизор меравад, ки Имрон Хон, сарвазири Покистон, моҳи сентябри соли равон аз шаҳри Душанбе боздид кунад.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баробар бо манфиатҳои миллии ду ҷониб боз ҳам тавсеа ёфта, рушд хоҳанд кард.
Ногуфта намонад, ки президенти Тоҷикистонро дар Покистон дар ҳаво бо ҷангандаҳо ва дар рӯзи замин бо горди фахрӣ пешвоз гирифтанд.
Сопровождение президентского самолета пакистанскими истребителями
Ёдрас мешавем, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст.
Ҷангандаҳои ҳавоӣ ва горди миллии Покистон: пешвози ботантанаи Раҳмон дар Исломобод - акс
Ӯ бори охир моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон рафта буд.
Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон баргашт
Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд.
Дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 миллион расид, ки аз он содирот 6,6 миллион доллар ва воридот 9,6 милллион долларро ташкил дод.