Писари Саидамир Зуҳуров прокурори нави Исфара таъйин шуд

Фатҳиддин Зуҳурзода, писари генерал Саидамир Зуҳуров, прокурори шаҳри Исфара таъин шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 03 июн – Sputnik. Ба таъйиди манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар мақомоти Исфара, ӯ як ҳафтаи қабл ба ин вазифа таъин шуда, ба Исфара омад ва дар як ҷаласаи ҳукумати шаҳр низ ширкат дошт.

“Дирӯз, 2 июн, маросими расмии муаррифии прокурори нави Исфара баргузор шуд ва ӯ ба иҷрои вазифаҳои худ сар кард”, - гуфт ин манбаъ.

Фатҳиддин Зуҳурзода Сайидамир, писари бузурги генерал – полковник Саидамир Зуҳуров, собиқ раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ҳудуди 40 сол дошта, дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон мебошад. Қаблан дар вазифаҳои муфаттиш, ёвар ва муовини прокурори вилояти Суғду шаҳри Кӯлоб кор карда, қабл аз ин прокурори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буд.
Дилшод Салимзода, прокурори қаблии шаҳри Исфара, ба сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод шудааст.