ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Барои кӯдакони маъюб дар шаҳри Хуҷанд Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии "Даргоҳи умед" ба истифода дода шуд.
Бино ба гузориши Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин марказ бо дастгирии сафоарти Ҷопон дар Тоҷикистон ва мақомоти шаҳри Хуҷанд сохта шудааст.
"Даргоҳи умед" аз 2 ошёна ва 13 ҳуҷраи калони корӣ иборат буда, барои инкишофи кӯдакони дорои имконияти маҳдуд шароити беҳтарро фароҳам меоварад.
"Айни замон дар марказ15 нафар омӯзгорону равоншиносон ба 36 нафар кӯдакони дорои имконияти маҳдуд хондан ва касбомӯзиро ба роҳ монда, ҳунарҳои дузандагию рассомӣ, доиранавозию сурудхониро меомӯзонанд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки теъдоди истифодабарандагони хизматҳои иҷтимоӣ то охири сол ба 100 нафар расонида мешавад.
Бояд гуфт, ки ин марказ ба муносибати Рӯзи кӯдакон ва 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шудааст.
Дар маросими ифтитоҳи Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳунаромӯзии маъюбони "Даргоҳи умед" сафири Ҷопон, намояндагони мақомоти шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Хуҷанд ва намояндагони марказҳои будубоши рӯзонаи вилояти Суғд иштирок намуданд.