Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Мавҷи сеюм намешавад: эпидемияи коронавирус дар Русия анҷом меёбад

Дар Русия мавҷи сеюми маризии коронавирус сурат намегирад, зеро ин эпидемия дар садади анҷомёбӣ қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Тобистон ва тирамоҳи соли равон дар Русия мавҷи сеюми коронавирус фаро намерасад, мегӯяд Владислав Жемчугов иммунологи рус.
Жемчугов дар суҳбат ба хабаргузории РИА Новости таъйид намудааст, ки эпидемияи коронавирус дар Русия дар садади анҷомёбӣ қарор дорад ва ҳеҷ хатари бурузи мавҷи нав вуҷуд надорад.

"Ман фикр мекунам, ки хавфи ҳар гуна мавҷи нав ё афзун шудани ҳолатҳои сироятёбӣ ба ин дард дар тобистон ва тирамоҳи имсол мавыуд нест. Шояд аз сабаби ҳаракати одамон дар рухсатӣ каме тағйирёбӣ ба амал ояд. Аммо ин раванд торафт коҳиш хоҳад ёфт", - афзудааст Жемчугов.

Зимнан, мутахассис зикр намуд, ки дар хати хавф танҳо минтақаҳое ҷой мегиранд, ки сокинони он ҷо антител пайдо накардаанд ва ҳамчунин алайҳи ин вирус эм нашуданд.
"Ҳоло зарур аст, ки дар минтақаҳо антители сокинон санҷида шавад ва дар сурати нокифоя будани он маъракаи эмгузарониро бояд қавитар намуд", - шарҳ додааст иммунологи рус.
Ӯ ҳамчунин илова кард, ки дар миқёси кишвар ин маризӣ аллакай дар зинаи анҷомёбӣ қарор дорад.