ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазири маорифи Тоҷикистон дар бораи таътили тобистонаи толибилмон ва аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ, фармоиш баровард ва оғози таътилро барои синфҳо 1 - ум 4 рӯз ва барои синфҳои аз 2 то11, 7 рӯз пештар овард.
Тибқи банди 1-и фармоиши мазкур машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 июни соли 2021 ва дар синфҳои 2-11 (12)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ 7 июни соли 2021 ба анҷом расонида мешавад.
Ҳамчунин дар бандҳои дигари фармоиш рӯзҳои баргузории аттестатсияи аз синф ба синфгузаронӣ муайян шудааст.
Ҳамин тавр:
хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн,
синфҳои 5 - 8 ва 10-11 аз 9 июн то 17 июн,
синфҳои 10 аз 9 июн то 16 июн,
синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн,
аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн,
аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн гузаронида шаванд.
Омӯзгорону хонандагон метавонанд бо нусхаи фармоиш мазкур, ки дар сомонаи Вазорати маориф гузошта шудааст, шинос шаванд.
Ёдрас мешавем, қаблан Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфта буд, ки синфҳои якум аз 7 июн ва синфҳои 2 - 11, аз 14 июн ба таътили тобистона фиристода мешаванд.
Бояд гуфт, дар соли 2020 вобаста ба паҳншавии бемории сироятии коронавирус, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз ин маризӣ қарор қабул намуд, ки хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ то 16 август ба таътили тобистона фиристода шаванд. Идомаи таҳсил аз 17 август оғоз гардид.