ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.
Гуфта мешавад, дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе, Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Манбаъ ҳамчунин гуфтааст, ки дар ин сафар кадом сиёсатмадорон кишвардорро ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамин тавр, Президентро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва ёвари Президент дар масоили робитаҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Ҳамчунин, вазирони нақлиёт, фарҳанг, маориф ва илм, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ низ ҳамроҳи кишвардор ба Покистон сафар карданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Покистон, дар музокироти дуҷониба ҳайати Тоҷикистонро Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати мизбонро нахуствазири он кишвар Имрон Хон раҳбарӣ мекунанд.
Интизор меравад, ҷонибҳо дар мавриди ҳамкориҳо дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, тиҷорат, сиёсат, сармоягузорӣ, амният, дифоъ, фарҳанг, маориф ва робитаҳои минтақавӣ, баҳсу гуфтугӯ кунанд. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Покистон Ориф Алавӣ низ дар назар аст.
Ёдрас мешавем, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 то кунун ҳафт бор ба Покистон сафар кардааст.
Ӯ бори охир моҳи марти соли 2017 барои ширкат дар нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Покистон рафта буд.
Муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон 6 июни 1992 барқарор шуд.
Соли 1993 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе боз гардида, фаъолияти он аз ибтидои 1994 оғоз шуд.
Дар 11 моҳи соли 2020 гардиши мол байни ду кишвар ба 16,2 миллион расид, ки аз он содирот 6,6 миллион доллар ва воридот 9,6 милллион долларро ташкил дод.