ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Момаи Гулистон, модари хонаводаи Раҳмоновҳо, ки тайи соли охир дар бистари маризӣ будааст, дар синни 81-солагӣ дунёро падрӯд гуфт. Маросими ҷанозаи модар дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара шоми 2 июн баргузор шуд.
Таъзия ба хонаводаи Раҳмоновҳо, аз ҷумла Асадулло Раҳмонро корбарони зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ баён доштаанд.
Рӯзноманигор Азиз Азиззода бо нашри аксҳои охир аз аёдати Момаи Гулистон изҳор доштааст, ки ин модар сарфи назар аз мушкилот фарзандонашро донишманду баномус тарбият кардааст. Ӯ афзуд, Момаи Гулистон талош мекард, мушкили ҳар корафтодаеро ҳал кунаду ҳеч одати худнамоӣ аз мақоми фарзандаш надошт. Ормонҳои қалби Момаи Гулистон бо бузургу донишманд гардидани ягона писару шаҳболи умеду ҳавасҳояш Асадулло Раҳмон амалӣ шуд ва он ҳама дуову хостаҳои яздониаш мустаҷоб гардид, навиштааст Азиззода.
Рӯзномаи вилоятии "Хатлон" низ бо нашри таъзия ба Асадулло Раҳмон изҳори ҳамдардӣ карда, ба наздикон таҳаммулу шикебоӣ хостааст.
Оилаи Раҳмоновҳо, аз бонуфузтаринҳо дар ноҳияи Данғара ва ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Асадулло Раҳмон - Раҳмонов Асадулло Қимматович, аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон мебошад, ки дар синни ҷавонӣ ба роҳбарии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон расида, баъди тақрибан 10 соли фаъолият дар ин мақом соли 2015 барканор шуд.
Ӯ тайи 6 соли охир дар мақоми ёвари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масоили кадрӣ кор карда, аз чеҳраҳои калидии тими раисиҷумҳур ба шумор меравад.
Бар асоси ҳолнома, Асадулло Раҳмон 1 январи соли 1973 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи хидмати давлатии назди раисиҷумҳури Русия буда, номзади улуми сиёсӣ мебошад.