ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, имрӯз ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Исломобод фуруд омад.
Манбаъ таъкид доштааст, ки сафари расмии ду рӯзаи раисҷумҳур ба Покистон оғоз ёфт.
Гуфта мешавад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод, президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Покистон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Сопровождение президентского самолета пакистанскими истребителями
© Пресс-служба президента Республики Таджикистан
“Барои пазироии Эмомалӣ Раҳмон фурудгоҳ бо аксҳои сарони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳарду давлат ва шиору овезаҳо, оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ ба ифтихори Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик сар дода шуд.
Ҳамчунин ба маҳзи ворид шудани раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳарими ҳавоии Покистон, ҳавопаймоҳои ҷангии ин кишвар аз ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон муроқибат карда ва то замони фуруд омадан дар фурудгоҳ, онро ҳамроҳӣ намуданд.