ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон марди 29 - солаи сокини шаҳри Душанбе зимни баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки номбурда бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ боздошт шуд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки номбурда, дар давоми рӯзҳои аз 27 то 31-уми май ва 1-уми июни соли 2021 хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан ба марди 30 ва ҷавонзани 25 - солаи сокинони шаҳрҳои Норак ва Ҳисор иҷора додааст.
Инчунин номбурда ҳамингуна иқдомро бо марди 34 ва зани 30-солаи сокинони пойтахт анҷом додааст.
Зикр шудааст, ки номбурда бо ҳамин роҳ ба як зумра шаҳрвандони дигар шароит муҳайё намуда, аз онҳо дар умум 850-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВКД-и Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.