ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои гуногун, аз тиҷорат то фарҳангу маориф 12 санади нави ҳамкориро имзо намуданд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдоми баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Тоҷикистон ва Покистон” Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон имзо гузоштанд.
Дар феҳрасти санадҳои имзошуда миёни Тоҷикистону Покистон аз ҷумла ҳуҷҷатҳои зер ном бурда шуданд:
- Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиалкоти Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафгари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома байни Ҳукумаги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;
- Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо, Эмомалӣ Раҳмон ва Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.