Суҳбати "дӯстписар" -и гурҷии Манижа: аз шарҳи ҳамзистӣ то хислатҳои духтари тоҷик - акс

Ладо Кватания, ки расонаҳо ӯро дӯстписари Манижа Сангин сарояндаи тоҷики муқими Русия мегӯянд, дар бораи муносиботаш бо Манижа нақл кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ладо Кватания гуфт, Манижа бисёр духтари ҷасур аст ва дар эҷодиёташ мушкилоти ҳаёташро нақл мекунад, менависад "Комсомолская правда".
Ӯ гуфт, бо Манижа ҳамкорӣ кардан, барояш хушоянд аст, вале ба саволи ҳамсафараш будан ё набудан дақиқ посух надод.

"Ман метавонам ӯро коргардон, ҳамкор ва дӯст бигӯям. Ба фикрам ин дуруст аст. Биёед ман ин саволро бидуни шарҳ мемонам. Ман дар бораи зиндагии шахсиям нақл намекунам", - гуфт Ладо Кватания.

Ладо Кватанияи 33 сол дорад. Ӯ худ зодаи Гурҷистон аст ва модараш аз Украина мебошад.
Кватания мегӯяд, то ҷанги Гурҷистону Абхозистон ба Русия омаду рафти зиёд дошт, аммо баъдан куллан ба Маскав кӯчид. Дар мавриди тақдири худу Манижа мегӯяд, ки Сангин гуреза аз Тоҷикистон мебошаду ӯ аз Гурҷистон.
Ҳоло Кватания ҳамчун коргардону клипсоз дар ҳаёти эҷодии Манижа фаъолона ширкат меварзад.
Чунончи, Кватания коргардони таронаи машҳури Манижа - "Мама" будааст ва муаллифи ғояи баромади Манижа дар Евровидение низ Ладо будааст. Кватания соли 2009 Донишгоҳи ҳунарҳои театрии РАТИ-ГИТИС-ро хатм карда, дар курсҳои Ҷон Труби ва Пол Браун дар Академияи кинои кинои Ню-Йорк таҳсил кардааст.
Режиссёр Ладо Кватания
Вай муаллифи клипҳои рэпсароён Оксимирон, Хаски ва гурӯҳи Ленинград мебошад.Ғайр аз он, Кватания барои Reebok, Adidas, PayPal, Google, Visa ва Yandex видеоҳо сабт кардааст.
Ҳоло ин мард бо ширкати продюсерии Hype Production ҳамкорӣ мекунад ва соли гузашта ба наворгирии аввалин филми пурраметражи худ - "Казн" шурӯъ кард.
Феълан худи Манижа Сангин ин "ифшокориҳо"-и расонаҳоро шарҳ надодааст ва ин маълумотро тасдиқ накардааст.
Аммо пештар иқрор шуда буд, ки дӯстписар дорад. Овозхон дар суҳбат бо нашрияи "Телепрограмма" изҳор дошт, ки дӯстписар дораду бо ӯ хушбахт мебошад.
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Исми ҷавони дӯстдоштаи Манижа маълум шуд
"Мо дер боз якдигарро мешиносем, дӯстӣ доштем ва баъдан - мана...", - изҳор дошт Манижа Сангин.
Дӯстписари Манижа будани Кватанияро расонаҳо паз аз шапноннӯшиашон дар Роттердам эълон доштанд. Рӯзноманигорон гуфтанд, ки дар Евровидение Кватания ҳамеша бо Манижа буд ва ба ӯ меҳрубонӣ мекард. Ногуфта намонад, ик муаллифи саҳнаи "Зани рӯз" низ Ладо Кватания мебошад.
Ӯ дар суҳбат бо "Комсомолская правда" гуфт, бо Манижа ҳамкорӣ кардан барояш хуш аст ва агар боз пешниҳоди ҳамкорӣ шавад, ӯ бо камоли майл идома медиҳад.