Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Русия шумораи парвозҳоро бо даҳ кишвар зиёд мекунад: Тоҷикистон дар рӯйхат

Русия аз 10 июн шумораи парвозҳоро бо даҳ кишвар афзоиш медиҳад, ки Тоҷикистон низ дар ин рӯйхат ҷой гирифтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Русия аз 10 июн шумораи парвозҳо бо Юнон, Озарбойҷон, Арманистон, Қатар, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Миср, Сербия, Белорус ва Олмонро афзоиш медиҳад, дар ин бора ба хабарнигорон дар ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус хабар додаанд, менависад РИА Новости.
"Қарор қабул карда шуд, ки шумораи парвозҳо бо Белорус дар масири Маскав-Минск аз 10 июн то 10 маротиба дар як ҳафта ба тариқи мутақобила афзоиш дода шавад", - омадааст дар хабар.
Инчунин, аз 10 июн теъдоди парвозҳо бо Юнон дар масири Маскав-Афина ҳафтае ду маротиба, бо Озарбойҷон (Москва-Боку), Арманистон (Москва-Ереван), Қатар (Москва-Доҳа), Ӯзбекистон ( Москва-Тошканд)) ва Тоҷикистон (Москва-Душанбе) - як парвоз дар як ҳафта, бо Миср (Москва-Қоҳира) ва Сербия (Москва-Белград) - то 7 парвоз дар як ҳафта зиёд мешавад.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Бурятия мехоҳад равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистонро барқарор кунад
Гуфта мешавад, ҳамзамон парвозҳои байналмилалӣ бо Олмон дар масири Маскав-Мюнхен низ аз сар гирифта мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон аз 1 апрел барқарор шуд.
Ҳарчанд парвозҳо мунтазам сурат мегиранд, вале нофаҳмиҳо дар мавриди арзиши чиптаи ҳавопаймоӣ то ҳол мавҷуд аст. Хоҳишмандони сафар ба Русия аз гарону камчин будани чипта шикоят мекунанд.